image

Баррасии масъалаҳои муосири рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва омор

date_range01.11.2025, 13:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye59

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мунтазам ҳамоишу корфронсҳои илмӣ доир мегардад. Ҳамоиши навбатӣ, ки «Масъалаҳои муосири рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва омор» ном гирифта буд, аз ҷумлаи чунин ҳамоишҳо буд, ки дар он намояндагони бонкҳои Тоҷикистон, масъулини Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кивар ширкат намуданд. 

Зимни суханронии масъулини донишгоҳ таъкид шуд, ки дар давраи муосир рушди иқтисоди ҷаҳонӣ бидуни рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ тасаввурнопазир аст. 

Мавсуф изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки “Рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ва идоракунӣ шарти муҳими пешрафти босуботи давлат дар замони рақамист”. 

Дар ин замина, татбиқи ин равандҳо дар соҳаҳои бонкдорӣ ва омор барои таъмини шаффофият, самаранокии идоракунӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ аҳамияти хос дорад. 

Дар қисмати пленарии конфронс бо маърӯзаҳои илмӣ намояндагони КВД Бонки амонатгузории ҶТ “Амонатбонк”, ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.   

Ҳомидов Қиёмиддин
"ТВ Душанбе"