Шиносоии ҷавонписарон аз Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия - "Шоҳин"-и РВКД дар шаҳри Душанбе
Бо ибтикори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шиносоии ҷавонписарони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе аз Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия - "Шоҳин"-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ 166 нафар ҷавон ҷалб гардида, бо фаъолияти бинои нави мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ сохташуда, мошини зиреҳпӯши дар ҳолатҳои фавқулодда ва ғайричашмдошт истифодашаванда, махсусиятҳои яроқҳои ҷангӣ ва тактикаи истифодаи он, автомобили махсуси зидди ошӯбҳои оммавӣ ва инчунин аз шароити буду боши хизматчиён маълумот пайдо карданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, огоҳонии онҳо аз хатару таҳдиди ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо арзёбӣ гардид.
Баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати тарбияи насли ҷавони пойтахт дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, далериву шуҷоат ва ба қадри Истиқлолу озодӣ ва амну субот кишвар расидан мусоидат мекунад.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ