image

Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

date_range04.11.2025, 13:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye41

Санаи 4-уми ноябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар ҷараёни Форум зикр карда шуд, ки Конститутсия дар баробари танзими масъалаҳои муҳимми давлатӣ, барои ташаккул, рушд ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ замина гузошта, ба таҳкими сиёсати ҳуқуқӣ, рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо дар назар доштани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Тафсилоти бештари мавзуъ дар гузориши Сарвиноз Гулова шоми имрӯз дар барномаи иттилоотии "Вақт" пахш мегардад.