image

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range04.11.2025, 13:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye32

Бо ибтикори МИҲД-ии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Дшанбе дар толори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. 

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ, прокурори ноҳия   суханронӣ намуданд. 

Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъда буд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем,  бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Дар охир чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки хотири аҳли нишастро шод гардонид.

Меҳринисои Абдуҳомид 
"ТВ Душанбе"