image

Чорабинии тантанавии ноҳияи Сино ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

date_range04.11.2025, 19:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye24

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3-юми ноябри соли 2025 дар Муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия – кафили ваҳдату пешрафти миллат» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси ноҳияи Сино Беҳрӯз Искандарзода, муовини Раиси ноҳия Ситора Сафарализода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, афсарон ва сарбозон иштирок доштанд.

Нахуст Беҳрӯз Искандарзода, муовини якуми Раиси ноҳияи Сино суханронӣ намуда, аз нақш ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа ёдовар шуд. Мавсуф зикр кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи тоҷикон ба қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳонӣ шомил гардида, ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ мақому манзалати хоса пайдо кардааст.
Беҳрӯз Искандарзода зимни баромади худ изҳор дошт, ки имрӯз насли ҷавон бояд муқаррароти Конститутсияро амиқ омӯзад, зеро он калиди пешрафти ҷомеа ва кафили суботи давлат аст.

Сипас, Рустам Шоҳмурод, вакили Маҷлиси намояндагон дар мавриди рушди давлатдории муосири тоҷикон дар асоси принсипҳои конститутсионӣ сухан ронда, таъкид кард, ки волоияти қонун ва муттаҳидии ҷомеа аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Дар идома Муҳаммад Ғоиб,  Шоири халқии Тоҷикистон бо суханони пурмаъно ва қироати ашъори ватандӯстонаи худ фазои маънавии ҳамоишро боз ҳам ғанӣ гардонид. 
Иштирокчиёни ҳамоиши  иброз намуданд, ки шеърҳои ӯ руҳбаландкунанда ва илҳомбахш буда, дар рушди худшиносии миллӣ саҳми арзанда доранд.

Дар қисмати хотимавии чорабинӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар доир гардид, ки он иборат аз суруду таронаҳои идона, шеъру рақсҳои дилнишин ва навозишҳои дилангез буда, ба ҳамоиш руҳияи тантанавӣ бахшид.