image

МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ТИББИИ ШАҲРИИ РАҚАМИ 1 БА НОМИ КАРИМ АХМЕДОВ ШИНОС ШУД

date_range04.11.2025, 19:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye23

Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳри рақами 1 ба номи Карим Ахмедов боздид ба амал овард.

Дар доираи боздид муовини Раиси шаҳри Душанбе  бо рафти фаъолияти таваллудхона, шуъбаҳои сироятии кудакона аз наздик шинос шуда, дар баробари ин бо кормандони соҳа суҳбат анҷом дод.

Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони муассиса Дилбар Одилзода таваҷҷуҳи онҳоро ба масъалаҳои пешгирии фавти модару кӯдак, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасони тиббӣ ба беморон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, риояи одоби муошират бо беморон ва наздикони онҳо ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.

Ҳамзамон, муовини Раиси шаҳри Душанбе бо ҷараёни табобати як қатор беморон низ шинос гашта, аз онҳо доир ба раванди хизматрасонии тиббӣ пурсон гашт.

Инчунин номбурда ҷиҳати иҷроиши қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар шаҳри Душанбе»  дар муассисаи мазкур низ шинос шуд.

Ҳамин тавр, баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморон аз ҷониби муовини Раиси шаҳр ба роҳбарияти муассиса  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.