Маросими бошукӯҳи хатми шунавандагони Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо доир гардид
Бо истифода аз нишондоди нақшаву барномаҳои таълимӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам давраҳои гуногуни омӯзишӣ ташкил карда мешавад. Зимнан дар муассиса ин навбат бо ҳузури меҳмонон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ, устодону муҳаққиқон ва шунавандагони курси такмили ихтисос, маросими бошукӯҳи хатми шунавандагони Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо доир гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Академия ва дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва як қатор шарикони рушд роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими иқтидори роҳбарӣ, боло бурдани сатҳи касбият ва рушди сифати идоракунии муассисаҳои озмоишгоҳии кишвар мебошад.
Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо ифодаи возеҳи сиёсати дурбинона ва башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими низоми тандурустӣ ва рушди иқтидори инсонӣ мебошад.
Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо ифодаи возеҳи сиёсати дурбинона ва башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими низоми тандурустӣ ва рушди иқтидори инсонӣ мебошад.
Ёдовар гардид, ки соли 2023 дар заминаи Академия Маркази Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо таъсис ёфта, соли ҷорӣ 20 нафар мутахассисони гурӯҳи дуюм таҳсилро бо муваффақият анҷом дода, соҳиби диплом гардиданд. Пеш аз ин, соли 2024 гурӯҳи аввал иборат аз 16 нафар барномаро хатм намуда буданд.
Ҳамзамон, шунавандагони гурӯҳи сеюм низ баъди гузаштани имтиҳон ва сӯҳбати интихобӣ таҳсилро оғоз намудаанд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ