Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ҳамоиши илмию фарҳангӣ дар шакли мизи мудаввар доир гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти муассиса оғоз гардида, таъкид шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6 ноябри соли 1994 яке аз саҳифаҳои тақдирсози таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, асоси рушди устувори сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро боз намуд.
Зикр гардид, ки маҳз қабули Конститутсия барои таҳқиқ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овард.
Ширкатдорони дигари ҳамоиш дар бораи аҳамияти Конститутсия дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд, тарбияи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии ҷавонон суханронӣ намуда, нақши ҷавононро дар ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ