image

ОҒОЗИ РӮЗҲОИ РОБОТОТЕХНИКА, ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ТАЪЛИМӢ ВА ИНФОРМАТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range13.11.2025, 16:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye68

Намояндагони ҳамкории байналмилалии башардӯстона, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва информатика ширкат варзиданд. 

Ин чорабинӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир гардида омӯзгорони фанҳои физика, математика ва информатика, инчунин омӯзгорони таҳсилоти иловагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъ овард. 

Қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни Донишгоҳ дастовардҳои инноватсионии омӯзгорон, донишҷӯёни Донишгоҳ ва устодону хонандагони Литсейи инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуданд, ки меҳмонон, аз онҳо дидан намуданд.  

Масъулин дар оғози чорабинӣ иброз намуданд, ки “Баргузории Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионӣ ва информатика як қадами муҳим дар роҳи рушди таҳсилоти муҳандисӣ, оммавӣ кардани илм ва технология дар байни ҷавонон ва тақвияти шарикии башардӯстона ва таълимӣ байни кишварҳои мо мебошад.

Ин рӯзҳо барои хонандагон ва омӯзгорон имконият фароҳам меоранд, ки таҷриба мубодила кунанд, истеъдод ва тафаккури техникии худро нишон диҳанд. 

Масъулин дар баромади худ қайд карданд, ки: "Дар тӯли моҳи ноябр дар чор шаҳри Тоҷикистон чорабиниҳои таълимӣ ва маърифатӣ, ки ба технология ва эҷодкорӣ барои мактаббачагон ва омӯзгорон нигаронида шудаанд, баргузор мешаванд. 

Барномаҳо мувофиқи рушди касбӣ барои омӯзгороне, ки математика, физика ва инорфматикаро бо забони русӣ таълим медиҳанд, таҳия шудаанд, ки бешубҳа дар ҷаҳони муосир хеле муҳим ва серталабот аст”.

Ифтитоҳи Рӯзҳои робототехника, технологияҳои инноватсионӣ ва информатика чорабиниест, ки ба як платформаи муҳим барои рушди тафаккури эҷодӣ, шавқи илмӣ ва хоҳиши насли ҷавон барои донишҳои нав табдил ёфтааст. Ин чорабинии илм ва технология аст, ки рушди босуръати ҷаҳонеро инъикос мекунад, ки дар он рақамикунонӣ ва робототехника, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия ба як қисми ҳаёти ҳаррӯза табдил меёбанд.

Бояд гуфт, ки чорабинии имрӯза ҳамкориҳои бахши маорифи пойтахтро бо муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия боз ҳам тақвият медиҳад, шароити мусоидро барои мубодилаи таҷриба ва ба татбиқи васеътари технологияҳои рақамӣ замина мегузорад.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"