image

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

date_range16.11.2025, 10:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

15 ноябр дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Роҳи ормонҳои Пешвои муаззами миллат” баргузор гардид.

  Дар оғози чорабинӣ Раҳмонзрда Абдулло - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баромад намуда, нақш ва хизматҳои арзандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле муассир арзёбӣ намуданд. 

 Сипас муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба ҳозирин паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд. 

 Қайд гардид, ки таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ пеш аз ҳама шукргузорӣ аз пойдории давлату миллат, истиқрори истиқлолу ваҳдат, бақои сулҳу субот, ҳастии забону фарҳанг ва ҷасорату фидокории Роҳбари хирадманду раъиятпарвар ва оқилу нотакрори миллат - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки дар вазъияти барои давлати ҷавони тоҷикон ниҳоят мураккабу печида, роҳбарии кишвари ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашидашударо ба уҳда гирифта, бо меҳнату заҳмат, ҷасорату хиради волои хеш тавонист халқу миллатро сарҷамъ карда, армонҳои ҳазорсолаи миллиро ба ҳақиқат табдил диҳад. Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ - сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.

Дар идома собиқадорони меҳнат ва арбобони илми кишвар баромад намуда, нақш ва саҳми боризи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори давлатдории тоҷикон хеле бузург арзёбӣ намуданд.

   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилӣ раҳо сохтанд ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва сиёсии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои тақдирсозро анҷом додаанд.

 Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар бо савту наво ва суруду таронаҳои саршор аз тараннуми Ватан ва садоқат ба Президенти маҳбуби кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.