image

Даври ноҳиявии озмуни “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар ноҳияи Шоҳмансур ҷараён дорад

date_range18.11.2025, 12:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye38

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи баргузор намудани озмуни “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар шаҳри Душанбе ин озмун дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе оғоз гардид. 

Даври ноҳиявии озмуни “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар толори МТМУ №31 ҷараён дорад. 

Дар расми кушодашавии ин даври озмун намояндагони МИҲД-ии ноҳияи Шоҳмансур, масъулини сохторҳои марбута, доварон ва довталабони озмун иштирок намуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар даври ноҳиявӣ аз ноҳияи Шоҳмансур 61 нафар ширкта доранд ва доварон ба маҳорату дониш ва истеъдодҳои онҳо баҳогузорӣ менамоянд. 

Ҳадаф аз баргузории Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат»  арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. 

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи иштирокчиён ба озмун зиёд гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва сокинон иштирок доранд.

Саодат Тоирӣ 

"ТВ Душанбе"