image

Дар МТМУ №53 озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

date_range19.11.2025, 11:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Бо иштироки довталабон ва намояндагони сохтору мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар МТМУ №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Нахуст доир ба тартиби баргузории озмун ба ширкатдорон маълумот дода шуд. Гуфта шуд, ки мақсади таъсиси стипендия дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Аз ин рӯ гирандагони он бояд фаъол бошанд.  

Ҳамасола барои дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонон тадбирҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ ташкил карда мешавад ва онҳо дастгирӣ меёбанд. Бо инобати ин ҷавонон низ аз роҳандозии чунин иқдому тадбирҳо хушу қаноатманданд. 

Мавриди зикр аст, ки озмун нахуст дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 400 нафар ширкат намуданд ва дар давраи ноҳиявӣ бошад 160 нафар иштирок доранд, ки аз миёни онҳо беҳтаринҳо гирандаи стпендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд.  

Баъди санҷиши ҳамаҷонибаи донишу малака ва маҳорату истеъдоди доавталабон беҳтаринҳо сазовори Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд. 

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"