image

Даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range19.11.2025, 11:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye34

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, дарки амиқи моҳияти давлатдорӣ ва омӯзиши мероси ғании илмию сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» ташкил гардидааст. Ҳоло дар пойтахт даври ноҳиявии озмуни мавриди назар ҷараён дорад. 

Зимнан дар ноҳияи Фирдавсӣ озмуни мазкур дар толори Гимназияи №74 созмон дода шуд. 

Дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 40 нафар ширкат доранд, ки ғолибон аз миёни онҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.
 
Меҳринисо Рауфова
"ТВ Душанбе"