Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчами давлатӣ-рамзи иттиҳод ва сарҷамъии миллат” доир гардид.
Дар кори он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони сиёсиву давалатӣ, сиёсатшиносон ва фаъолону сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки парчами миллат боиси ифтихор ва нангу номус аст. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад. Парчами миллӣ метавонад дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватану миллат хизмат намояд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ