image

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе"

date_range20.11.2025, 11:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye28

Истиқболи шоиста аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтору муассисаҳои шаҳрӣ идома дорад. Зимнан дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ҳам бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид. 

Дар чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” иштирок намуданд. 

Дар оғози чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода зимни баромади худ афзуд, ки «арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва ифтихори баланд аз он беҳуда нест. Зеро ифтихори парчамдорӣ – ифтихор аз Ватан аст, ифтихор аз миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ки дар таърих бо парчамдорияш ном баровардааст». 

Зикр рафт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти парафшонии Парчами миллӣ, ки рамзу нишонаи бахту озодии халқамон, ваҳдату якдигарфаҳмии мардум ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони азизамон аст, сарбаландона кору фаъолият доранд. Аз замоне, ки Парчами давлатӣ қабул гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд.

Дар идома раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар низ дар робита ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Зикр шуд, ки боиси хушнудӣ ва саодатмандист, ки мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдилӣ таҷлил менамоем. 

Воқеан ҳам ин сана барои шаҳрвандони сарбаланди Тоҷикистон санаи хеле муҳиму муборак ва як бурҷи ифтихори ватандорӣ мебошад. Мардуми шарифи кишвар таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлол содиқона заҳмат кашида истодаанд. Ин ҳадафҳо дар кишвар пайваставу пайгирона амалӣ мешавад.

Дар анҷоми чорабинӣ як зумра кормадони Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.  

Инчунин ба як қатор кормандони муассиса, ки ба тозагӣ аъзои ҲХДТ гардидаанд, дафтарчаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Саодат Тоирӣ

"ТВ Душанбе"