image

ТАЪСИСИ КОРГОҲИ НАВИ ҲУНАРМАДӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range22.11.2025, 18:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye31

22 ноябр дар ҳудуди Муассисаи нозироти идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзили №4 ноҳия бо иштироки Файзиддинзода Бунафша - Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Одилзода Дилбар Раҳим - муовини Раиси шаҳри Душанбе, Дилшод Сафарзода - Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар масъулин дар заминаи Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» - и ноҳия коргоҳҳои дузандагӣ, ширинипазӣ ва маҳсулоти нонии «Моҳен» ва «Шаҳди Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки коргоҳи мазкур бо маблағи умумии 432 ҳазор сомонӣ пурра таъмир карда шуда, дар он ба маблағи 143700 сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ ворид ва насб карда шудааст.

Кормандони доимии коргоҳ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба 24 нафарро ташкил дода, ҳамзамон 13 нафар ҷавондухтарон ба ҳайси коромӯз аз имрӯз ба фаъолият шуруъ намуданд.

Иқдоми мазкур дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва талошҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон рӯйи кор оварда шуда, ҳамчун заминаи устувор дар ташкили ҷойҳои кории нав ба нав дар бозори меҳнат нақши муҳимро иҷро менамояд.

Чунин иқдомҳо дар ноҳия бори аввал набуда, соҳибкорони саховатпеша низ баҳри ташкили шарои арзандаи меҳнат ва шуғл дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар самти ташкили коргоҳу корхонаҳои саноатӣ саҳмгузор буда, корбарӣ дар ин самт бо маром идома дорад.