image

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range24.11.2025, 16:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye18

   ш.Душанбе. 24.11.2025. Имрӯз дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногун доир гардид.
   Роҳмаймоӣ аз майдони Истиқлол бо зинапояҳои Осорхонаи миллӣ то майдони Парчами давлатӣ идома ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар фаъолони пойтахт ширкат намуданд.
   Дар Майдони парчами давлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавию фарҳангӣ доир гардид, ки дар қисмати расмии он, ёрдамчиии Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр суханронӣ намуданд.
   Зикр гардид, ки миллати сарбаланд ва куҳанбунёди тоҷик беш аз ҷор ҳазор сол қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору номус эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери ливои хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардааст ва хоҳад кард. 
   Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори бевоситаи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24-уми ноябр сурат мегирад, барои мардуми кишвар беназир ва арзишманд дониста мешавад. Ҳамасола сокинони плйтахт ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаву муваффақиятҳои пайдарпай истиқбол мегиранд. 
  Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони кишвар бо ифтихор ва самимияти хоса таҷлил карда мешавад. 
   Ҳамзамон 30-юми августи соли 2011 дар остонаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон дар он сол бо баландии 165 метр ва паҳноии 60 бар 30 қомат афрохт, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик мебошад. 
  Барномаи бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори ин санаи таърихӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён, ки тараннумгари Меҳан, Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдат буд, чорабиниро хотима бахшид.