image

Мусобиқаи шоҳмот ва Spelling bee дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range25.11.2025, 08:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye30

Бо мақсади рушди шоҳмот дар байни ҷавонону наврасон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвар айни замон даври ноҳиявии Мусобиқаи ҷумҳуриявии Шоҳмот миёни ҷавонону наврасон идома дорад. 

Ба ин хотир дар Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии мусобиқа миёни хонандагон ҷараён гирифт, ки дар он муҳассилини тамоми муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Ташкили чунин мусобиқаҳо ба баланд бардоштани савияи фикррониву ақлонии хонандагон мусоидат мекунад. 

Бояд гуфт, ки шоҳмот яке аз намудҳои қадимтарини варзишию зеҳнӣ буда, дар асрҳои 5-6 дар Ҳиндустон аввал бо номи шатранҷ ва баъдан шоҳмот пайдо шудааст. Он имрӯз дар саросари олам бо ҳамин ном, яъне шоҳмот маъруф аст. Шоҳмот бозии варзишӣ, тафреҳӣ-зеҳнӣ аст, ки дар худ ҳам хусусиятҳои маърифатӣ ва ҳам унсурҳои илмӣ дорад. Барои ҳамин омӯзиши шоҳмот дар муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакону наврасон хеле муфид аст. 

Ҳамзамон бо ин дар толори Мактаби байналмилалии қалам мусобиқаи Spelling bee миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва литсейю гимназияҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"