image

Омодагии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зимистонгузаронӣ

date_range25.11.2025, 08:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye34

Комиссияи шаҳрӣ бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин ва намояндагони сохторҳои дигари марбута ҳолати омодагии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомониро аз назар гузарониданд. Зимни фаъолияти ҳайати комисия айён гардид, ки дар анборҳои муассиса мувофиқ ба нақшачорабиниҳои зимистонгузаронӣ, қисмҳои эҳтиётии техникаи комуналӣ ва дигар навъи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ нигоҳдорӣ мешавад. 

Ҳамзамон қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёти соҳавӣ, сӯзишворӣ ва маводи дигари зарурӣ низ дар анборҳои Раёсат захира гардидааст.

Ба иттилои масъулин 38 адад техникаҳои калони соҳаи камуналӣ барои аз барф тоза кардани роҳҳои ҳудуди ноҳия пурра омода буда, аз муоинаи техникӣ гузаронида шудаанд. 

Дар баробри ин як чанд адад таҷҳизотҳои хурди худкори дастӣ барои аз барф тоза кардани пиёдароҳҳо ва гирду атрофи истгоҳҳои чамъиятӣ мавҷуд мебошад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ аз он истифода мебаранд.


Ғунчагул Нурализода

"ТВ Душанбе"