image

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range26.11.2025, 19:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye35

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 16 декабри соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 ноябри соли 2025
№1095