Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро ифтитоҳ намуданд
3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни шиносоӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муосирсозии низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст.
Дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст ва раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад.
Тибқи лоиҳа дар ин ҷо барои ҳар як гурӯҳ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо хобгоҳ, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо шакл ва тарҳи ҷолиб сохта шудааст, ки барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар макони дилнишину мувофиқ шудааст.
Дар кӯдакистон барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, инчунин ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим толорҳои варзишӣ ва бозӣ, толори мусиқӣ, рақс ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон амал мекунад, ки ҳамаи он дорои таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ мебошад.
Муассиса, ҳамчунин, дорои нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст мебошад.
Дар боғчаи навтаъсис аз рӯи китоби тозанашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ машғулиятҳои инкишофи нутқ ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом ба бедор сохтани ҳисси худшиносӣ дар замири кӯдакон таъсир мегузорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ ва бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ намуданд.
Масъулон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи худшиносии миллӣ вазифадор шуданд.
Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино дар баробари таъмин шудан бо гармӣ, ҳамзамон бо таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин аст ва ин тадбир имкон медиҳад, ки неруи барқ дар фасли зимистон сарфа гардад.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино ҳамзамон айвону нишастгоҳҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудааст.
Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31 адад ва фарогирии кӯдакон ба онҳо ба 6049 нафар расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кӯдакон, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, аз худ кардани дониш ва ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ҳидоят намуданд.
Дар соли 2025 бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои ободонӣ барои бунёду ба истифода додани муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ вусъати тоза пайдо намуд.
Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пойтахт 16 муассисаи нави томактабӣ бо фарогирии 3640 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ