Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро ба истифода доданд
3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот аввали соли равон оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ анҷом ёфтааст. Дар бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқӣ шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст.
Ҳамчунин, барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳо дар ин ҷо толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир шудааст.
Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд.
Ҳоло дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзанд. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзидаву собиқадор таълим медиҳанд.
Дар баробари навсозӣ, инчунин муассиса бо номгӯи зиёди созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара, ғижжак ва асбобҳои зарбӣ таъмин шуд.
Лозим ба зикр аст, ки хонандагони мактаби мусиқӣ дар озмунҳои ҷумҳуривӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва озмунҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили давлатҳои Олмон, Швейтсария, Туркия ва Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар бинои нави мактаби мусиқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону хонандагонро бо ин туҳфаи арзанда табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо нақши фарҳанг беш аз пеш барои муаррифии давлату миллат меафзояд. Аз ин рӯ, аз омӯзгорон даъват карда шуд, ки ба тарбияи мутахассисони шоистаи санъату ҳунар ҷаҳду талош намоянд.
Имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маҷмуъ дар пойтахт 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид.
Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 2650 ҷойи нишаст дар ду баст ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ