Маросими ифтитоҳи Озмуни “Беҳтарин китобҳои асарҳои Пешвои миллат” дар шаҳри Душанбе
Бо иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 октябри соли 2025, таҳти №663 «Дар бораи баргузор намудани Озмуни “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар шаҳри Душанбе» дар пойтахт озмуни мазкур баргузор гардид, ки ғолибони даври ноҳиявӣ дар он иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳии Озмуни “Беҳтарин китобҳои асарҳои Пешвои миллат” муовини Раиси шаҳри Душанбе, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва ғолибони даври ноҳиявии он иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин изҳор доштанд, ки тибқи нақша, даври ноҳиявии озмун аз 13 то 21 ноябри соли ҷорӣ дар чор ноҳияи пойтахт — Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур — баргузор шуд. Дар ин давр дар маҷмӯъ 306 нафар иштирокчиён аз қабили хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва сокинони фаъоли ҷомеа иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии озмун — рӯҳбаланд кардани фарҳанги китобхонӣ, шиносоии амиқ бо таълимоту ҷаҳонбинии Пешвои миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорӣ миёни насли нав мебошад.
Иштирокчиён донишу маҳорати худро аз рӯи чандин асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон месанҷанд. Китобҳое, ки имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи довталабон қарор доранд, ҳар яке дорои муҳтавои таърихӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии баланданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ