image

Баргузории ҳамоиши тантанавии ҷавонон таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст — волонтёр мешавем»

date_range09.12.2025, 11:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye63

8 декабр дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавии ҷавонон таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст — волонтёр мешавем», бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон, баргузор гардид. 

Дар ҳамоиши «Хайрхоҳӣ шараф аст — волонтёр мешавем» муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯён ва садҳо ҷавонони фаъол иштирок карданд. 

Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки волонтёрӣ ҳамчун ҳаракати некхоҳона ва инсондустона, имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон низ ин ҳаракат бо дастгирии Ҳукумати кишвар, дар пойтахт бошад зери таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳри Душанбе, рушду тавсеаи хоса ёфта истодааст. 

Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор нафар волонтёр буда, дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр беш аз 250 нафар ихтиёриёни фаъолу ташаббускоре фаъолият доранд, ки ҳамарӯза саҳми арзишманди хешро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. 

Меҳринисо Рауфова

"ТВ Душанбе"