image

Ифтитоҳи курси омӯзишии «Роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ» барои хатмкунандагони муваффақ

date_range09.12.2025, 08:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси омӯзишии «Роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ» барои хатмкунандагони муваффақи барномаҳои таълимии муштараки Академияи идоракунии давлатӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.  

Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ ва амалии курсро барои такмили малакаҳои роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатӣ таъкид намуда, зарурати таҳкими салоҳиятҳои идоракунӣ, рушди ҷаҳонбинии стратегӣ ва омодагии касбии кормандони давлатӣ ба вазъиятҳои муосиру мураккаби идоракуниро зикр кард. 

Масъулини Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳи курсро ҳамчун идомаи сиёсати давлатии такмили ихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи нави идоракунии давлатӣ арзёбӣ намуд. 

Ба таъкиди ширкатдорон омӯзишҳои мунтазам барои такмили дониши хизматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ аҳамияти асосӣ доранд.  

Саодат Тоирӣ

"ТВ Душанбе"