image

Мизи мудаввари ҷумҳуриявии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶумҳурииТоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон 

date_range09.12.2025, 13:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye39

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратура генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти марбутаи кишвар, инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Юнисеф дар Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд. 
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СММ ва аъзои конвенсияҳои ниҳодҳои  СММ имрӯз вобаста ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озозодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ чораандешӣ карда, риоя ва ҳифзи онҳоро тавассути фаъолияти ҳамоҳангшудаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъмин намуда истодааст.
Дар чорабинӣ ҳамчунин иштиркчиён доир ба масоили инкишофи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ, нақши мақомоти прокуратура дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, нақши технологияҳои рақамӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таъмини шаффофияти давлатӣ, "Эъломияи ҳуқуқи башар" - нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳои Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои марбут ибрози назар карданд.  

Сарвиноз Гулова

"ТВ Душанбе"