image

Мизи мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мониторингӣ дар муассисаҳои кӯдакона

date_range11.12.2025, 11:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye18

Дар доираи таҷлили "Ҳафтаи ҳуқуқи инсон" дар шаҳри Душанбе зери унвони "Вазъи риояи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияти мониторингӣ" бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд, ки дар самти кӯдакон фаъолият мебаранд, мизи мудаввар баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ масъалаи тарғибу ташвиқи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2025 баррасӣ шуд. 
Аз ҷумла, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириву икдомоти муассири давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти қонунгузории амалкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба кӯдакон  махсус таъкид карда шуд.
Муфассал доир ба ин мавзӯъ дар гузориши Сарвиноз Гулова шоми имрӯз дар барномаи иттилоотии "Вақт" аз "Телевизиони Душанбе".