БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, вобаста ба омодагии муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Душанбе ба мавсими зимистонгузаронӣ ҷаласаи корӣ доир гашт.
Дар ҷаласаи корӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи кориро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадафу мақсади баргузории чорабинӣ андешаронӣ кард.
Қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои алоқаманд дар тамоми муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуда аз ҳоло барои бе мушкили паси сар намудани давраи тирамоҳу замистон корро ҷоннок намоянд.
Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии пойтахт дар самти омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, як қатор супоришҳои судманд дода шуд.
Инчунин, дастур дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти корӣ, омодагии пурра ва ҳамаҷониба баҳри муътадил гузаронидани давраи зимистон, бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид барои толибилмон дар муассисаҳои маориф ва ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ барои шаҳрвандон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас мавсуф қайд намуд, ки дар баробари ин ҳама дастовардҳо боз мушкилотҳое ҳастанд, ки соҳаро ба ташвиш овардааст, аз ҷумла, зиёд шудани ҷинояткорию қонуншиканиҳо миёни ноболиғони муассисаҳои таълимӣ.
Вобаста ба масъалаи мазкур ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки назоратро дар ин самт ҷиддӣ намуда, миёни хонандагону волидон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардиданд, ки корро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда, худашон муассисаҳоро назорат намуда, рӯзҳои шанбе бо либосҳои хос ба шанбегӣ бароянд ва ҷиҳати азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сатҳу сифати дониши хонандагон аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Инчунин, ҷиҳати бехатарӣ ва пешгирӣ намудан аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ҷоннок карда шавад.
Қайд карда шуд, ки хотирасон менамоям, ки тамоми камбудиҳо дар болозикршуда саривақт бартараф гардида, шаъну шарафи омӯзгор ва пойтахти азизро доғдор насозанд. Дар ғайри ин сурат нисбати чунин нафарон чораҳои қатъӣ андешида шавад.
Ҳамзамон, вобаста ба дастаҷамъона тамошо намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли ҷорӣ мустақиман баргузор мегардад, дастур дода шуд, ки дар тамоми муассисаҳо ташкил ва дар сатҳи баланд тамошои он ба роҳ монда шавад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ