image

Дар н.Сино даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ҷамъбаст гардид

date_range18.12.2025, 14:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye44

Дар маросими ҷамъбастии даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва иштирокчиёни даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд. 
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад. 
Дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» дар ноҳияи Сино 250 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 36 нафари онҳо сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми гардидаанд, ки ба ҳамаи онҳо дар вазъияти тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тақдим шуд. 
Ҳамзамон ба якчанд нафар довталабони озмун баҳри иштироки фаъолона дар озмун сипосномаҳо супорида шуда, дар ин замина аъзои ҳакамони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардиданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"