image

ПАЁМ – МУЖДА АЗ ШУКУФОӢ ВА ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

date_range29.12.2025, 12:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye25

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паём – мужда аз шукуфоӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда» ҳамоиш баргузор гардид. 

Дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён гузоришҳо дар мавзуъҳои зерин: “Паёми навбатии Пешвои миллат – омили пешбурди дипломатияи фаъоли фарҳангӣ”, “Криосфера ва аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағирёбии иқлим”, “Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»”, “Мақоми зан дар рушди ҷомеа аз нигоҳи Пешвои миллат”, “Паёми ҳидоятгар”, “Ҷавонон - қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа дар партави Паёми Пешвои миллат”, “Аз Марв то ЮНЕСКО - муҳаббат ба мероси Борбад”, “Конун - таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе” пешниҳод гардиданд.          
Муфассали ин чорабинӣ шоми 29 декбр дар гузориши Саодат Тоирӣ тавассути барномаи иттилоотии “Вақт” соати 19:00 ва 21:00 аз “Телевизиони Душанбе” манзури бинанда мегардад.