image

Дар қисми ҳарбии 0121-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

date_range30.12.2025, 19:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Сарҳадбонон - чашми бедори Ватан. Таҳти ҳамин унвон дар қисми ҳарбии 0121-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки ҳадафи он таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва қадршиносии хизмати содиқонаи ҳомиёни марзу буми кишвар маҳсуб меёбад.
Дар ҳамоиши мазкур аз ҷониби муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва ҷавонони синни даъватӣ мулоқоти самимӣ анҷом дода шуд. 
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки сарҳадбонони кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат шабонарӯзӣ дар ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа хизмати содиқона анҷом медиҳанд. 
Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сохторҳои низомӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодабошӣ, шароити хизмат ва рӯҳияи хизматчиёни ҳарбӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин ба масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки хизмати ҳарбӣ бояд барои ҳар як ҷавон мактаби мардонагӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз ватандорӣ бошад. 
Дар идомаи ҳамоиш як қатор сарбозони фаъол бо Сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. 
Ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ туҳфаҳо тақдим гардида, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшид.

Қиёмиддин Ҳомидов
"ТВ Душанбе"