image

Баргузории ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

date_range30.12.2025, 20:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye31

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун натиҷаи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва масъулиятшиноси Сарвари давлат, нақш ва саҳми ҳалкунандаи ӯро дар рушди устувори иқтисоди миллӣ, низоми молиявию бонкӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисод инъикос намуда, самтҳои асосии пешрафти мамлакатро дар марҳалаи нави рушд муайян менамояд. Дар ин Паём дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ, молияи давлатӣ ва бахши бонкӣ бо далелу рақамҳои мушаххас таҳлил гардида, вазифаҳои аввалиндараҷа барои таъмини пешрафти минбаъдаи мамлакат баён шудаанд. 
Ин нукта зикр гардид зимни суханронии роҳбарияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар ҳамоиши илмӣ-сиёсие, ки дар ин муасисаи таълимӣ доир шуд.  
Воқеан Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисод, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳамияти махсус дода шудааст.

Қиёмиддин Ҳомидов
"ТВ Душанбе"