ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
9 январи соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати Раиси Кумита Саидзода Носир Озод баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода, муовинони раис, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони сохторҳои Кумита иштирок намуданд.
Нахуст, ҳисоботҳои директорони “Телевизиони Тоҷикистон”, Радиои “Тоҷикистон” ва сардорони идораҳои телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд оид ба фаъолияташон дар соли 2025 шунида шуд.
Сипас, маърузаи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2025 ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио, рушди муҳтавои барномаҳо, такмили сифати барномаҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, рақобатпазир гардонидани шабакаҳо ва истифодаи васеи технологияҳои муосири пахш тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар маҷмӯъ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони соҳаи телевизион ва радиоро ба иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, тақвияти нақши ВАО дар тарбияи маънавии ҷомеа, таъмини дастрасии аҳолӣ ба иттилооти саривақтӣ ва боэътимод, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳа, густариши фазои иттилоотии миллӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷалб намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида, ҷиҳати татбиқи нақшаҳои пешбинишуда, махсусан сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргону Тиргон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2026, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти соҳа ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон, вазифаҳои асосии Кумитаи телевизион ва радио барои соли 2026 муайян гардида, аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ