image

НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР: РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ МЕГАРДАНД

date_range09.01.2026, 19:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye11

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри корҳои ободониву созандагӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳамчунин, дар робита бо эълон гардидани соли 2026 “Соли ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” дар маҳаллаҳои ноҳия корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ идома дорад. 

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва дастгирии соҳибкорӣ ватанӣ дар маҳаллаи “Ховарон”, минтақаи 8 бештар аз як киллометр роҳ бо паҳноии шаш метр мумфарш гардида, барои истифода ба сокинони ин минтақа пешниҳод карда шуд.

Бинобар иттилои раиси маҳалла – Насимҷон Табаров ҳафтаи ахир корҳои омодагӣ ва мумфаршкунии роҳи маҳалла давом карда, он бо сифати баланд ва дар муҳлати кутоҳтарин ба анҷом расонида шуд. Инчунин гуфта шуд, ки роҳи мумфаршгардида минтақаро ба роҳи асосии маҳаллла пайваст намуда, мушкили ҳаракати нақлиёт дар дохили маҳалла ҳалли худро ёфта, рафтуомад барои сокинон осон гардид.

Бояд қайд намуд, ки корҳои ободонииву созандандагӣ дар ҳудуди ноҳия бомаром идома ёфта, дигар қитъаҳои маҳаллаҳои ноҳия марҳала ба марҳала ободу зебо карда мешаванд.