image

Ташаббуси Рустами Эмомалӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ тавассути эҳёи хотираи таърихӣ

date_range13.01.2026, 16:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye67

Бо ҳадафи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташаббуси таърихию фарҳангиро роҳандозӣ намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати давлатдории миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддунї миллат равона гардидааст.

Дар робита ба ин, имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд. 

Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд. 

Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ва эҳтироми хосса ба шахсиятҳое мебошад, ки дар тӯли таърих барои озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ хизматҳои беназир анҷом додаанд.

Маҷмааи мазкур на танҳо як иншооти меъморӣ, балки як фазои рамзӣ ва маънавӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд. 

Ин макон ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил ёфта, ҷои андеша, ибрат, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мегардад.

Ин ташаббус паёми равшан ба ҷомеа ва махсусан ба насли ҷавон аст: миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор дорад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи худшиносии миллӣ роҳи ояндаи дурахшонро интихоб мекунад.