image

Мулоқоти гуруҳи кории МИҲД ш.Душанбе доир ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи сайёҳӣ ва бахши ҳунармандӣ

date_range28.01.2026, 17:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye10

Дар мулоқоти навбатии гуруҳи корӣ, ки бо иштироки Вакили МНМОҶТ, намояндагони МИҲД ш.Душанбе дар МИҲД н.Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳайати гуруҳӣ таблиғотӣ доир ба нуктаҳои Паём, ки роҳнамои тамоми соҳаи хоҷагии халқи кишвар маънидод мегардад, бо ёдоварӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандустӣ, ҳифзи арзишҳои тамаддунӣ, ахлоқу тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандустӣ, дастгирии  занону бонувон ва нақшу фаъолияти онҳо дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ки аз таваҷҷӯҳи муҳими Ҳукумат мебошад, ибрози назар карданд.

Инчунин дар масъалаи танзими ҷашну маросим, фарҳанги либоси миллӣ, рӯ овардан ба фарҳанги гузаштагон, пешгирии гаравидан ба фарҳанги бегона, ҳифзи Истиқлолу озодӣ ва амнияти миллӣ, муаррифии фарҳангу тамаддуни ҷашну оинҳои гузаштагон ва ибтикороти сатҳи ҷаҳонӣ хоса, бунёди Конун - маркази тамадуни Ориёӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази байналмилалии Наврӯз аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд.

Сарвиноз Гулова 

"ТВ Душанбе"