ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти донишгоҳ натиҷаҳои фаъолияти муассисаро дар давраи ҳисоботӣ ҷамъбаст намуд. Зимни нишаст таъкид гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сифати таълим, рушди инфрасохтор, ҷалби технологияҳои муосир ва тақвияти пояи моддиву техникӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст.
Зоир Раҳмонзода, ректори донишгоҳ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, ки баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар яке аз дастовардҳои назаррас таъсиси 17 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва беруна ҷавобгӯбуда дар зинаи бакалавриат ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки донишгоҳ дар самти мустаҳкам намудани алоқа бо истеҳсолот ва фароҳам намудани шароит барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён соли 2025 –ум 19 шартномаи ҳамкорӣ бо корхонаю муассисаҳо баст. Дар умум, Донишгоҳ бо зиёда аз 170 корхона, ташкилот ва муассиса шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Ҳоло дар 7 корхона ба 137 донишҷӯи курсҳои 2, 3 ва 4 аз рӯйи 7 ихтисос дарсҳои амалӣ баргузор гардида истодаанд, ки заминаи муҳимро барои гузариш ба низоми таҳсилоти дуалӣ фароҳам месозад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати кумак дар пардохти шартномаи таҳсили донишҷӯёни ниёзманд ва кумаки яквақтаи молиявӣ ба ятимону ниёзмандон тадбирҳо андешида шуд. Ҳоло дар донишгоҳ 7 нафар ятими кулл, 11 нафар маъюби гурӯҳи 2, 83 нафар донишҷӯи нимятим ба қайд гирифта шуда, шароити таълиму тарбия ва масоили иҷтимоии онҳо таҳти назорати мунтазами роҳбарият қарор дорад, гуфта шуд дар идомаи нишаст.
Инчунин доир ба омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва иштироки донишҷӯён дар озмуну лоиҳаҳо низ маълумот пешниҳод гардид.
Дар охир ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба раванди таълим, қабули довталабон, шароити таҳсил ва нақшаҳои минбаъдаи донишгоҳ посухҳои мушаххас дода шуданд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ