image

БАРГУЗОРИИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ШОҲМАНСУР ВА ФИРДАВСИИ ПОЙТАХТ

date_range03.02.2026, 22:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

3 феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли сипаригардида нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони Васоити ахбори омма баргузор гардид.
     Нахуст раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқдисодӣ дар соли 2025 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои ноҳия дар соли 2025 ба таври муфассалу возеҳ баромад ва ба саволҳои пешниҳоднамудаи рӯзноманигорон ҷавобҳои саҳеҳу қаноатманд пешниҳод намуданд.
   Ҳамзамон, Раиси ноҳия бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки сокинони фарҳангдӯсти ноҳияи Шоҳмансур сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти ободонию созандагии диёри биҳиштосоямон содиқона саъю талош хоҳанд намуд.
    Давоми рӯз ҳамчунин дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ низ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли сипаригардида нишасти матбуотӣ доир гардид.
 Дар нишаст иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода қайд намуд, ки соли 2025 корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо нишондодҳои баланд ба роҳ монда шуда, иҷрои нақша дар баъзе самтҳо аз 100 фоиз гузаштааст. Аз ҷумла: дар баробари пешбинишавии 170,3 ҳазор бех ниҳол, дар амал 174,3 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ороишӣ, мевадиҳанда ва буттаҳои гуногун шинонида шуд. Шинонидани 43,8 ҳазор м² майсазор, инчунин, 2,6 миллион гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ба беҳтар гардидани намуди зоҳирии ноҳия, баланд бардоштани муҳити зист ва таъмини фазои мувофиқ барои истироҳати аҳолӣ мусоидат кардааст.
Дар майдони муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» ба ҷойи 7088 бех дарахти пешбинишуда, 8372 бех дарахт шинонида шудааст, ки 118,1 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Дар соли 2025 дар ноҳия 26 маротиба аксияи «Тозагии соҳил», 25 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» ва 28 маротиба аксияи «Тозагии роҳ» бо фарогирии 25 000 нафар гузаронида шуда, 2200 м³ партовҳои маишӣ бо ҷалби 67 адад техника ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.
Ҳамчунин, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ зиёда аз 26 400 метри тулонӣ заҳбуру заҳкаш ва 28 600 метри тулонӣ ҷӯйборҳои обгузар тоза карда шуданд.
Дар самти риояи қонунгузории ҳифзи муҳити зист дар соли 2025 нисбати 477 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 188,5 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардид.
Дар охир намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.