НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД
4 феврал дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Руслан Қодирзода, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи ҷамъбасти соли 2025, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 125,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 148,9 миллион сомонӣ, 1 миллиарду 440 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақшаи тасдиқгардида 291,1 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2024 ба маблағи 376 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи буҷети маҳаллӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ 121,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 258,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 46,3 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2024 ба маблағи 73,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 344,8 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбати соли 2024 ба маблағи 272,3 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми афзоиши он 120,0 фоизро ташкил дод.
Дар нишасти матуботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино нишасти матбуотӣ ва ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2025 баргузор гардид. Раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода иттилоъ дод, ки дар соли 2025 6 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 412 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ҳудуди ноҳия 341 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 82 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ - декабри соли 2025 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия, дар маҷмӯъ ба маблағи 2 миллиарду 708,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 727,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 136,7 фоизро ташкил медиҳад. соли 2024 181 ҷиноят кам мебошад.
Дар ин давра ҷиноятҳои куштор 7 адад, дуздӣ – 281 адад аз ҳамин давраи соли гузашта 11 адад кам, авбошӣ 79 адад нисбати соли гузашта 30 адад кам, ғоратгарӣ - 14 адад, қаллобӣ – 337 адад, нисбати соли гузашта 175 адад кам, ва аз тарафи нобилиғон 33 адад нисбати соли гузашта 25 адад кам ба қайд гирифта шудааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ