"Тоҷикистон — ватани азизи ман": Озмуне, ки қалбҳоро ба ваҷд меоварад
17 апрел дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон — ватани азизи ман" бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода, иштирокчиён ва доираи васеи ҳаводорон баргузор гардид.
Нахуст муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода баромад ва суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати оғози даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон — ватани азизи ман" муборакбод гуфта, қайд намуд, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ки дар ҳаёти фарҳангии кишвари мо мақоми хос дорад. Ин чорабинӣ на танҳо як сабқати ҳунарӣ, балки рамзи муҳаббати бепоён ба марзу буми аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба санъати волои ниёгонамон мебошад.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав, сайқал додани маҳорати касбӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ баргузор мегардад. Дар баробари ин таҳкими эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ тавассути ҳунару маҳорат инъикос мегардад.
Одатан, озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин сурат мегирад:
Номинатсияи композиторӣ: Эҷоди асарҳои нави мусиқӣ.
Номинатсияи сарояндагӣ: Иҷрои сурудҳои академӣ, суннатӣ (эстрада ва фалак).
Номинатсияи навозандагӣ: Маҳорати навохтан дар асбобҳои гуногун.
Номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн: Рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ.
Аз рӯйи тартиб баргузории даври ноҳиявӣ (дуюм)-и озмун пас аз ҷамъбасти даври муассисавӣ доир гардида, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд, соҳиби диплом ва роҳхат ба даври навбатии озмун мегарданд.
Бояд зикр кард, ки озмун имконияти беҳтарин барои ҳар як ҷавони ҳунарманд аст, то худро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ намояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ