Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб
Ҳамватанони азиз,
Муҳтарам табибон ва кормандони соҳаи тиб!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи касбии кормандони тиб, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон руйдоди муҳим ва фараҳбахш маҳсуб меёбад, самимона муборакбод мегӯям.
Бо сиёсати дурбинона ва таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, заминаҳои устувори рушди тибби муосири тоҷик, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба фароҳам оварда шуданд.
Фаъолияти босамару шоистаи кормандони соҳаи тиби мамлакат ба донишу таҷрибаи ғанӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи касбӣ ва садоқат ба халқу миллат асос ёфта, дар таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муассир дорад.
Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи тиб бо дарки баланди масъулият ва рисолати касбӣ вазифаи муқаддаси худро ба таври рӯзафзун содиқона иҷро намуда, баҳри таъмини солимии миллат ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузор хоҳанд буд.
Бори дигар ҳамаи табибон, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва рӯзгори хушу осударо таманно дорам.
Иди касбӣ муборак бошад!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ