image

Баргузории конфронси байналмилалии «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор»

date_range25.08.2026, 16:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye49

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» баргузор гардид. 

Дар кори конфронс намояндагони мақомоти гуногуни кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, ходимони давлатӣ ва масъулини намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар иштирок намуданд. 

Зимни суханрониҳо, аз ҷумла, зикр гардид, ки соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ ноил гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми Тоҷикистон оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва рушди миллӣ ба шумор меравад. Солҳои нахустини истиқлол барои ҷумҳурӣ як санҷиши ҷиддӣ буд. Кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, зиндагии осоиштаи ҷомеа, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтанд. Аммо бо шарофати шуҷоат, ирода ва ҳамбастагии мардум, инчунин сиёсати боэътимод ва фидокоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имкон фароҳам омад, ки ба нооромиҳо хотима дода шуда, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфт ва истиқлолу озодии кишвар таъмин гардад. Дар ин давра Тоҷикистон бо қадамҳои устувор роҳи таъмини суботи сиёсӣ, эҳёи иқтисодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устуворро пеш гирифтааст. 

Дар идома доир ба сиёсати муваффақи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо далелҳои мушаххас андешаронӣ сурат гирифт.

Сарвиноз Гулова

Телевизиони Душанбе