image

НАХУСТ ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ ВА МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

date_range08.09.2026, 23:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye20

7 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарияти Федератсияи тенниси Тоҷикистон, мураббиён ва варзишгарон баргузор гардид.

Дар мусобиқа теннисбозони сатҳи байналмилалӣ аз 14 давлат ва минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Беларус, Чин, ИМА, Корея, Ҳиндустон, Малайзия ва Чехия иштирок доранд.

Зимни маросим таъкид гардид, ки рушди варзиши касбӣ ва оммавӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омодагии варзишгарон аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Мусобиқа аз 7 то 12 сентябр идома ёфта, теннисбозон барои ба даст овардани унвони ғолиб ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат менамоянд.

Дар маросими ифтитоҳ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, мусобиқа расман оғоз гардид.

Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соли ҷашнии 35-солагии Истиқлол баёнгари таваҷҷуҳи пайваста ба рушди варзиш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ мебошад.