ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Сокинони ватандӯсти пойтахт!
Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳ ҳамаи шумоёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик ва муборакбод мегӯям.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, ки мардуми шарафманди мо ҳамасола онро 9 сентябр бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил менамояд, санаи муқаддасу сарнавиштсоз ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ, озодӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.
Истиқлолият бузургтарин неъмати миллӣ, пояи ҳастии давлати соҳибихтиёр, кафили ҳифзи ҳувияти миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Сиву панҷ соли соҳибистиқлолӣ роҳи пурифтихор, вале ҳамзамон пур аз озмоишу мушкилоти таърихӣ буд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷомеа, иқтисоди кишвар ва пояҳои давлатдорӣ зарари ҷиддӣ расонида, хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатро ба вуҷуд овард.
Барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ки бо шарофати талошу заҳмат ва фидокориҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муяссар гардид, муҳимтарин дастоварди таърихии даврони истиқлол ба шумор меравад.
Маҳз бо роҳбарӣ ва раҳнамоиҳои хирадмандонаву оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пойдевори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд.
Бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги миллӣ симои кишварро ба куллӣ дигаргун сохтанд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли кишвар на танҳо санаи муқаддаси таърихӣ, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои оянда мебошад.
Бинобар ин, вазифаи муқаддаси насли имрӯза, бахусус, ҷавонон ин ҳифзи истиқлолу озодӣ, арҷгузорӣ ба арзишу дастовардҳои он, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саъю талоши созанда Тоҷикистонро ба марҳалаҳои нави рушду пешрафт хоҳад расонд.
Бо ибрози ниятҳои нек, бори дигар, ин санаи фархундаро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, зиндагии шоиста ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, рушди устувор ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ