image

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range03.10.2026, 02:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye5

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа,

фармон медиҳам:

1. Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2031 баргузор карда шавад.

2. Ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати шаш моҳ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.


Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе

2 октябри соли 2026

№1224