image

Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд

date_range19.10.2026, 09:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори ташрифи меҳмони олиқадр парчамҳои Тоҷикистон ва Чин барафрохта шуда, инчунин қаровули фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, гузашти мутантани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок менамояд.