Ба Раиси Курултаи Ҷумҳурии Қазоқистон Дадебай Айбек Аркабайули
Ба Раиси Курултаи Ҷумҳурии Қазоқистон
Дадебай Айбек Аркабайули
Муҳтарам Айбек Аркабайули,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон - Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон пазиро бошед.
Тайи солҳои охир Қазоқистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ дастовардҳои назаррасро нишон дода, мақоми байналмилалии худро пайваста таҳким мебахшад.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон минбаъд низ мунтазам рушду густариш хоҳанд ёфт. Дар ин раванд таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла тавассути тавсеаи муколама ва табодули таҷрибаи фаъолияти қонунэҷодкунӣ, ҷойгоҳи муҳим дорад.
Ба Шумо, муҳтарам Айбек Аркабайули, саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо орзу намуда, ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоиро таманно дорам.
Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ