image

ШАҲРИ ДУШАНБЕ - САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗА

date_range06.11.2026, 13:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

5 ноябри соли 2026, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ», ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, доир шуд.

Озмуни мазкур дар асоси банди 39-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АП-952 «Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, зебогардонии маҳалҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ташкил ва баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбастӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баргузории озмун Зиёзода Сулаймон, аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Озмун дар ду давр баргузор гардида, дар марҳилаҳои он натиҷаҳои фаъолияти шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳалли аҳолинишин ва хонаҳои истиқоматӣ аз рӯи як қатор меъёрҳо ва нишондиҳандаҳо мавриди омӯзишу арзёбӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, сатҳи ободонӣ ва тозагӣ, ҳолати инфрасохтор, кабудизоркунӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорӣ, истифодаи оқилонаи замин ва иштироки сокинон дар корҳои созандагӣ ба назар гирифта шуданд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, то 1 октябри соли 2026 дар мамлакат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷмӯъ 35 ҳазору 768 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди маҳалҳо мусоидат менамояд.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳо эълон гардида, ба онҳо барои натиҷаҳои назаррас ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ Шоҳҷоиза, дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм, инчунин Сипосномаҳо супорида шуданд. Шоҳҷоизаи озмуни имсола ба шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд.