image

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии "Фарзанди Тоҷикистонам" қадрдонӣ шуданд

date_range07.10.2022, 12:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye384

7 октябри соли 2022 дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии "Фарзанди Тоҷикистонам" баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии "Фарзанди Тоҷикистонам" аз ҷониби Муассисаи давлатии маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз оғози соли 2022 шурӯъ гардида, то охири моҳи сентябр идома ёфт. Баъди машварат ва андешаҳои зиёд бо такя ба адолату инсоф ва таъмини шаффофият ҳакамон барои 30 матлаби нашршуда ҷойҳои ифтихориро муқаррар намуда, барои ғолибон ҷоиза, диплом, ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Мавриди зикр аст, ки маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" соли дуюм Озмуни ҷумҳуриявии "Фарзанди Тоҷикистонам"-ро баргузор менамояд.

Дар соли сипаришуда озмун ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд.