Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши маърифатӣ доир намуд
Бо мақсади иҷрои нишондоди қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 14 июли соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт аз ҷониби сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла Раёсати кор бо занон ва оила ташкили ҳамоишҳои маърифатӣ идома дорад.
Тадбири навбатӣ дар ин замина бо ташаббуси Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ин ноҳия ташкил шуд. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати кор занонон ва оилаи шаҳри Душанбе ва фаъолзанони ҳудуди ноҳия ширкати фаъол доштанд.
Ширкатдорон зимни баромади худ оид ба пешгирӣ аз фарҳанги бегона, ҷалби духтарон ва занону бонувони хонашин ба касбомӯзӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва маълумотнок намудани ҷавондухтарон андешаронӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба сокинон ва фаъолони ноҳия тавсия гардид, ки маромномаи сокинони пойтахтро риоя намуда, фарҳанги шаҳрдориву шаҳрнишинро пешаи асосии худ қарор диҳанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ